БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР ЯК ШАҲРВАНД ВАЗИФАДОР АСТ, КИ ЗАМИНРО ОҚИЛОНА ИСТИФОДА НАМОЯД

Н.ХУСРАВ.  Масъулини  Кумитаи  иҷроия  бо  мақсади  таъмини  иҷрои  дастуру  супоришҳои  Пешвои  миллат  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳангоми  вохӯрияшон  бо  фаъолони   вилояти  Хатлон бо   усули «Хона  ба  хона»  вохӯрӣ баргузор  намуда  истодаанд.

Ин  навбат  масъулин аз фаъолияти  сокинони  деҳаи  Ҳамро  Олимови  Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол дидан  намуда,   вобаста ба  ҳидоятҳои   Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  моҳияти  аслии  онро дар  раванди  корҳои  созандагию  бунёдкорӣ, истиқболи  сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

Қайд  карда  шуд, ки  Пешвои  миллат аз  дастовардҳои  кишвар  дар  самти  истиқлолияти  озуқаворӣ  ва  бунёди  иқтидорҳои  нав  дар    соҳа    иброз доштанд, ки  баланд  бардоштани  маърифати   оқилонаву  сариштакоронаи  истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва аз як замин се ҳосил гирифтан  ва захираи дусолаи маводи хӯрока вазифаи ҳар  як  сокини  бо  нангу  ори  кишварамон  мебошад.  Сокинон дар навбати худ  аз дастгирию   ғамхориҳои Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон нисбати  кишоварзон  изҳор дошта, дастуру супоришҳои  Роҳбари давлатро муҳиму  саривақтӣ шумориданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg