БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ҲИЗБИЁН ДАР ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТӢ НАЗАРРАС АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус яке аз роҳҳои самарабахши мубориза бо паҳншавии беморӣ мегардад.

Аз ин рӯ, гурӯҳи кории назди  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо ташкил намудани Аксияҳои таблиғотӣ ва паҳн намудани варақаҳои гуногуни иттилоотӣ сокинони маркази шаҳр ва деҳотро ба пурра риоя кардани нишондодҳои дар варақаҳо дарҷшуда даъват карданд.

Масъулин дар мавриди нишонаҳои аввали бемории COVID -19, роҳҳои пешгирӣ, истифода ғизои солим, ташаккули тарзи ҳаёти солим, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар баробари ин ба кишту кори такрорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва саҳмашон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ машғул шуданашон таъкид намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg