БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН ҲАМА АМАЛҲОИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

ВОКУНИШ. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст,  яке аз самтҳои афзалияноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим- ба монанди таъмини амнияти минтаќавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳи марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошанд. Имрӯзҳо доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм зиёд ҳарф мезананд, менависанд ва тариқи шабакаҳои интернетӣ муҳокима менамоянд. Маънои аслии «экстремизм», «терроризм» чист ва он чи гуна намоён мешавад?» экстремизм аз калимаи франсузӣ «extremizme» гирифта шуда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳои тундравона ва як маънои дигараш аз ҳад гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Экстремизм ва терроризм ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошанд. Калимаи «терроризм» аз калимаи лотинӣ «terror» гирифта шуда, маънояш «тарс ва ваҳм» мебошад.

Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, ғоратгарӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ намоянд. Экстремистон ва террористон кӯшиш менамоянд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ки ҷавонон бо зудбоварӣ ба осонӣ онҳо пайравӣ менамоянд. Маќсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки бо барпо намудани он барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногунро, алалхусус ҷавононро ба доми худ мекашанд. Ин зуҳуроти номатлуб минтақаҳои зиёди оламро валангор сохта, одамони зиёдро аз ҷои зисти аҷдодии худ маҳрум намуда, амалҳои пасттарину зишти номатлубро бар насли инсон раво мебинад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Мо кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо рафтор, бо кирдор бо тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош менамоем, ки шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, бахусус ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ намоем. Ҳама кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгулшукуфоии Ватани маҳбубамон -Тоҷикистон равона намоем.

Каниева Низора, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg