БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ БАРОИ САЛОМАТИСТ!

Н.ХУСРАВ.  Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо  мақсади  пешгирӣ ва паҳншавии мавҷи нави бемории  коронавирус  корҳои  фаҳмондадиҳиро  ҳамарӯза бо маром идома дода истодаанд.     

Ин  навбат бо  мақсади пешгирӣ  аз  сироятёбӣ  ва  аз  хатару оқибатҳои бемории  коронавирус  эмин  будан   дар  ҳамкорӣ бо ихтиёриён дар  байни сокинон  корҳои  фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии  сироятёбӣ  ба  бемории  КОВИД -19 суҳбату  вохӯриҳо баргузор   намуданд.   

Сокинонро таъкид  намуда   истодаанд, ки    кӯшиш намоянд худро  эҳтиёт  кунанд. Омили  асосии  пешгирӣ  ин  беморӣ дар   ҷои  кор  ва макони  зист,  риояи  қоидаҳои  бехатарии  беҳдошт, мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳсулҳои спиртдор, истифодаи  ниқоб  ва   риояи  фосила  ба  шумор  меравад. Ба  ҳар  гуна  овозаҳо  бовар  накунанд, танҳо  ба  илм гӯш  диҳанд. Илм  собит  намудааст, ки тамоми  ваксинаҳо дар  пешгирӣ  аз  бемории КОВИД-19 бисёр  самаранок мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg