БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕШАРАФӢ - МУКОФОТИ БЕВАТАНӢ

ВОКУНИШ. Дӯстон, азизон шояд он нафаре, ки дар вуҷудаш ҳисси баланди ватандӯстӣ дораду қалбу ҷонаш ба ёди ин сарзамини аҷдодӣ метапад, аллакай аз сарлавҳа дарк намуд, ки дар бораи ки мехоҳам ақидаронӣ намоям.

Ин беномусу бешараф Муҳаммадиқболи Садриддин аст, тамоми ҷаҳон аллакай ӯро бешарафтарин мард мешиносанд.

Ростӣ мехостам, " Марди тоҷик" муроҷиат намоямаш, вале натавонистам. Дилам ба ин ибораи зебо, яъне "Марди тоҷик" сӯхт. Зеро ин ибора зебою муқаддас аст ва онро наметавон вирди номи ҳар палиду беномус гузошт.

Чанде пеш ҳукумати кишвар филмеро бо номи "Бешарафӣ" тавассути тамоми шабакаҳои телевизионӣ манзури халқ намуд, ки мавзуи филм доғи рӯз буд.

Аз бешарафиҳои хоине бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин қисса мекард.

Ровии филмнома ҳама ҷузъиёти зиндагии ин хоинро бо забони зебои тоҷикӣ барои тамошобинон бозгӯ намуд. Хурду бузурги кишвар чеҳраи воқеии ин бешарафро аз наздик шинохтанд ва ба рафтору кирдорҳои ӯ нафрат пайдо намуданд.

Ҷиянчаи хурдакаке дорам, ки қатори бузургони хонадонамон филмро то охир тамошо кард бо забони кӯдаконааш гуфт: "Амаҷон ин малдак кати малдако гаштай ҳамуда бешалаф шидай".

Баъд аз ақидаи ҷиянчаи хурдсолам ҳамагӣ муддате хомӯш монда, ба фикр фурӯ рафтам ва падарам даст бар сари тифлак бурда гуфт:

Бачаҷонам рафтори ин мард хуб будааст ё бад.

Бад бобоҷон, ҷавоб дод.

Пас вақте бузург шудӣ, ин корро накун.

Бубинед азизон ин дарку фаҳмиши як кӯдак буд, бузургон аз ин филмнома дарку фаҳмиши бузург доранд.

Мақсадам аз навиштани ин матолиб нақли хотироти зиндагиамон нест, балки муроҷиат ба тамоми мардуми сарбаланди тоҷик аст, ки бояд аз чунин шахсиятҳои манфури ҷамъият дур бошанду аз рафторашон бипарҳезанд.

Ҳама хурду бузурги кишвар даст ба дасти ҳам дода, бо ақидаи созанда ва рафтору кирдори муносиб ба номи як тоҷики асил мубориза барем. Зиракии сиёсиро аз даст надода, сараввал манзили хеш, баъдан гӯшае аз ин Ватани биҳиштосоямонро обод менамоем. Ба ҳамагон, махсусан ба нотавонбинону душманони миллату давлати тоҷик исбот менамоем, ки мо тавоноем ва метавонем.

Набояд фаромӯш созем, ки ин қудрату тавоноӣ аз сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи садри муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Зеро сиёсати Пешво мисраҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ба мо шиор намуда:

Парокандагӣ аз нифоқ хезад.

Пирӯзӣ зи иттифоқ хезад.

Малоҳат Толибова,  узви фаъоли ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg