БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОВИД-19 БЕМОРИИ ХАТАРНОК АСТ!

НОРАК. Оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотонии аҳолӣ доир ба роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 хамарӯза кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак якҷоя бо сохторҳои дахлдор дар ҷойхои серодам, кӯчаҳои марказии шаҳр, маҳалаҳо,  боғҳои фарҳангӣ- фароғатӣ, дохили нақлиётҳои мусофиркашон маҷлисҳо ва аксияҳо  доир намуда истодаанд.

Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷаъмиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд. Мушоҳида гардид, ки аксари сокинон ниқоб доранд, вале бинобар бемасъулиятӣ дар киссаҳои худ нигоҳ медоранд ва оқибати хатарҳои  худро дарк намекунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg