БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД ДАР КӮЛОБ

КӮЛОБ. Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Бахши кор бо ҷавонони минтақаи Кӯлоб ва мактабҳои варзишии шаҳри Кӯлоб миёни дастаҳои футболи ғайрикасбӣ марҳилаи аввали мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” дар деҳоту маҳаллаҳои шаҳр роҳандозӣ шуда, марҳила ба марҳила баргузор гардида истодааст.

Бо ин мақсад дастаҳои “Корези боло” ва “Корези поён”- и ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо ҳам сабқат намуда, дар натиҷа бо ҳисоби 10 бар 8 бозӣ ба фоидаи дастаи “Корези поён” хотима ёфт.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур миёни дастаҳои  деҳоту маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳри Кӯлоб идома дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg