БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАОРИФЧИЁН АЗ ИҶРОИ НАҚШАИ ОБУНА МУЖДАГОНӢ ДОД

ПАНҶ. Дӯстдоштатарин рӯзномаи мардуми Тоҷикистон, ки тавассути он тамоми ҷанбаҳои  ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ,  иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвари азизамон, минтақа ва сайёра иттиллоъ мегирем,  «Минбари халқ»  мебошад. Ин нашрия имрўз ба минбари ҳақиқии тамоми мардуми Тоҷикистон табдил ёфта, дар роҳандозии сиёсати созандаву хирадмандонаи Президенти мамлакат- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муқтадиру муассири худро гузошта истодааст.

Мутобиқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ имрўзҳо дар байни ҳизбиёни ноҳия маъракаи сиёсии «Обуна-2022» ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» бо маром идома дорад. Дар ин маъракаи сиёсӣ ҳизбиёни ноҳия хеле фаъолона иштирок намуда истодаанд.

Дар моҳи аввали ин маъракаи муҳим  аввалин шуда, бо роҳбарӣ ва масъулияти баланди ватандӯстии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» Асомиддинзода Шарофиддин, ташкилоти мазкур оид ба иҷрои   нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ муждагонӣ дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg