БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ҲИЗБӢ ДОИР ГАРДИД

ДӮСТӢ. Ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани тартиби интишори маводҳои хабарӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи ҳизбӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  семинар- машварати ҳизбӣ доир карда шуд.

Семинарро Давлатова Мавлуда мудири бахши занон ва кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия кушода, оид ба дуруст ба роҳ мондани интишори маводҳо дар сомонаҳои ҳизбӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуд. Ҳангоми гузаронидани семинар гуфта шуд, ки ҳар як корманди масъули кумитаро лозим аст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ маводҳои хабариро дақиқу равшан ва бехато дар сомонаи ҳизбӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор намуда, тарзи дурусти корбариро омӯзад. Мавсуф  дар рафти баргузории семинар-машварат бо истифода аз маводҳои чопӣ ба ҷамъомадагон роҳҳои дурусти корбариро дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври содда фаҳмонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg