БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ҲХДТ

ЁВОН. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешвоз гирифтани  соли хониши 2021-2022 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия таъмири ҷорӣ рафта истодааст.

Дар муассисаи таълимии №15 деҳаи Дастгираки ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов бо ҷалби шахсони саховатпеша ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” таъмиру азнавсозӣ рафта истодааст. Ин навбат сокинони деҳаи мазкур барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия барои фарзандон дар муассисаи мазкур тамоми синфхонаҳо ва қисми берунии бинои мактабро пурра рангу бори замонавӣ карда истодаанд.

Ҳамзамон бо мақсади бе мушкилӣ баровардани фасли тирамоҳу зимистони хонандагон тамоми роҳравҳои муассиса бетонпӯш карда шуда, хонандагон метавонанд бе мушкилӣ фасли зимистонро, ки боришоти борон зиёд мебошад, паси сар намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg