БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪСИРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БА МАФКУРАИ ҶАВОНОН

ВОКУНИШ. Ҷаҳонишавӣ барои тараққиёту пешрафти кулли кишварҳои дунё  нақши бузург дорад. Вале  ин  раванд  баробари  паҳлӯҳои  мусбат  тарафҳои манфӣ  низ  дошта, дар  ҷомеаи  имрӯза  як қатор  мушкилиҳои   ниҳоят ҷиддиро ба миён  овардааст. Имрӯз дар ҷомеаи муосир дар радифи бисёр дастовардҳо, такмили қонуниятҳои давлатсозию давлатдорӣ  бисёр муаммову таҳдидҳо ҷой доранд, ки ин омилҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда  истодааст. Якчанд таҳдидҳои замони муосирро  ба монанди  терроризм, экстремизм,  ҳуҷуми фарҳанги бегона, ҷанги  иттилоотӣ, нашъамандӣ ва бемории  СПИД боиси нигаронии кули давлатҳои  дунё  гардидааст.

Экстремизм - мафкура ва андешаҳое, ки ба қонуну қоидаҳои ҷамъият созгор нестанд ва зидди онҳо арзёбӣ мегарданд. Экстремизм  аз рўи мазмун – динӣ ва дунявӣ   ва аз рўи зуҳурот -  ҳудудӣ,   минтақавӣ, байналхалқӣ  шуда  метавонад. Экстремизми динӣ дар доираи ҳамаи динҳо (насронӣ , буддоӣ ва ғ.) мавҷуд аст.

Экстремизми динӣ дар доираи ислом низ мавҷуд буда, он дар ҷое, ки зуҳур кунад дар назди худ мақсади асосӣ –  барпо намудани  «халифат - системаи идоракунӣ дар ислом»-ро мегузорад.  Мақсади  терроризми  динӣ  сарнагун  намудани  давлати  дунявӣ ва  барпо намудани  давлати динӣ  мебошад.

   Терроризми  иҷтимоӣ  (аз ҷиҳати  мафкуравӣ  омода  гардида) мақсади  пурра  ё  ки  қисман  тағйир  додани  низоми  иктисодиву  сиёсии  давлатро  дорад  ва  диккққати   ҷомеаро ба  муаммоҳои   муҳим  ҷалб  мекунад.

 -хатари баланди иваз гардидани идеологияи солим ба иртиҷоӣ дар мафкураи ҷавонон;

- ҷавони ба идеологияи  иртиҷоӣ  воридшуда, худро  ҳамчун  шахси  комил  дар  ҷомеа  идора  карда  наметавонад;

-идеологияи  носолими  иртиҷоӣ ақлу хиради ҷавононро коста менамояд ва

аз  оилаву  аҳли  пайвандон  дур  месозад;

-идеологияи носолими иртиҷоӣ аз мафкураи ҷавонон калимаҳои муқаддаси  зиндагӣ   Ватан,  Модар, ҳаёт  ва  ишқро  фаромӯш  месозад ва

айёми  зебои  ҷавониро  барбод  медиҳад.

Б. Хайруллозода, мудири шуъбаи таблиғот ва  иттилооти  КИ  ҲХДТ дар шаҳри Норак                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg