БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОВИД-19 КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ

ДӮСТӢ.  Вобаста ба пешгирии бемории сироятии Ковид-19, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи марказӣ" бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҳизб  суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз  ба табибон, барои мубориза бурданашон бар зидди ин бемории сироятӣ ва хизмати софдилона намудан ба халқ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ бо усули “хона ба хона” ва дар бозору ҷойҳои ҷамъиятӣ боз ҳам зиёд намоянд.

Ба аҳолӣ тарзи дурусти истифодаи ниқобу антисептик ва мунтазам шӯстани дастонро бо собун фаҳмонанд.

Сипас,  сардухтури Беморхонаи марказӣ Маллазода С, ба сухан баромада,  таъкид дошт, ки мубориза бар зидди ин вабои аср танҳо кори табибон набуда, балки кори дастаҷамъона мебошад. Бояд тамоми фаъолон ва кормандони соҳаҳои гуногун талаботҳои пешгирии ин бемории сироятиро риоя карда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобу антисептик истифода бурда, байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд.

Дар охири маҷлис ба Маллазода С, барои фаъолияти пурсамар, саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон тақдим карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg