БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ...

ВОКУНИШ. Чихеле, ки медонед ҳамарӯза аз тарафи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо оид ба вазъи сиёсии Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар тамоми ҷаҳон паҳн гардида истодааст. Ҷумҳурии Афғонистон бо давлати мо сарҳади тӯлонӣ дорад. Ин нооромии Афғонистон боиси нигаронии роҳбарият ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштааст. Аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба  тинҷиву оромии сарҳадот меҳнат ва заҳматҳои хеле зиёд кардаанд. Чандин вохӯриву суҳбатҳо бо роҳбарияти ҷумҳурии ҳамсоя баргузор намуданд. Ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди он гаштаанд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарҳади ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Ҳамадонӣ бо сарбозон ва афсарони содиқи Ватан, ки тинҷиву оромии мову шуморо таъмин мекунанд, вохӯрӣ баргузор намуда, омодагии худро барои ҳифзи марзу буми Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд. Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, ҳамеша барои ҳифзи марзу буми Ватан омода бошанд.

Мутаассифона он фарзандони хоини ин сарзамин дар қатори душманони миллати тоҷику афғон ҷой гирифта, зидди фарҳангу дину мазҳаби худ амалҳои разилона мебаранд. Мо медонем, ки ҳама хоинони миллат, ки дар хориҷи кишвар зери ҳимояи хоҷагони хориҷии худ қарор доранд,  ба мисли Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар хоинон танҳо дар фикри мансаб ҳастанду барои ободиву бунёдкории ин Ватани маҳбубамон амали неке накардаанд.

Насриддини Вафо, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg