
БОХТАР. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Литсензия дар соҳаи нақлиёт” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Дар маҷлиси намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толибзода Толиб ва Саидзода Илҳом, сардори Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар Шафизода Исроил, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд.
Нахуст, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ доир ба фаъолияти ташкилот дар 2,5 соли охир шунида шуда, масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва қабул ба сафи ҲХДТ муҳокима карда шуд.
Шафизода Исроил зимни баромади худ иброз дошт¸ ки идеали мо дар самти садоқат ба Ватан хизматҳои содиқонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳар як тадбир ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар дарси шуҷоату мардонагӣ буда, дарки баланди инсондӯстӣ ва муносибати худи одамгариро меомӯзад. Дар ин раванд муаррифӣ ва тарғибӣ асарҳои Пешвои миллат барои азхуд намудани таърихи гузаштаву имрӯза, ворид намудани ҷавонон ба набзи ҳаёт, ояндабинии давлату миллат ва тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ мусоидат менамояд.