БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҲИЗБИ ПИРӮЗИ ҶОМЕА-ҲИЗБИ МАРДУМИСТ

А.ҶОМӢ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии "Сомониён" маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки Муҳаммаддовуд Ҳалимзода  раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Абдураҳим Амонзода раиси ташкилоти ибтидоӣ “Шаҳрак” оид ба маҳалли зисти ноҳия баргузор гардид.

Тибқи тартиби рӯзномаи маҷлис дар ибтидо ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда, аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзнома аз нав интихоб намудани раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ бо ҷонибдории аъзои ҳизб, инчунин оид ба таҳлили фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар самти нишон додани вокунишҳо ва пешбурди корҳои таблиғотӣ ва иттилоотӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Сипас, Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш ҳисобида, ҷиҳати амалӣ гардонидани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, баланд бардоштани нуфузу эътибори ҳизб дар ҷомеа, танзими ҳаракати аъзои ҳизб, тибқи талаботи Оиннома дуруст намудани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ ва тарбияи ватандӯстию хештаншиносии ҷавонони кишвари азизамон ибрози андеша намуданд.

Инчунин, саҳм гузоштан ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд,ки дар охир аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Сомониён” мақсад гузоштанд,ки ба истиқболи ин ҷашни пуршукӯҳи миллӣ, дар доираи Аксияи ҳизбӣ “Якҷоя ҳал мекунем!” беруни биноҳои ҳудуди маҳалларо рангу бор ва кӯчаву хиёбонҳоро тозаву озода нигоҳ медоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg