БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАМОКУ ВА ЗАРАРИ ОН (ҳавас, одат ва марг)

АНДЕША. Олимон дар он ақидаанд, ки агар инсон бо риояи талаботҳои тарзи ҳаёти солим зиндагӣ ва фаъолият намояд умри инсон бояд 150 сол бошад. Имрӯз шахсонеро дидан мумкин аст, ки зиёда аз 100 сол умр доранд  ва дар зиндагӣ фаъол буда, аз умри бобаракати худ қаноатманданд. Сири асоси дарозумрии ин инсонҳо  аз он ибрат аст, ки одатҳои номатлуб, ки метавонад ба солимии инсон зарар оварад худдорӣ намудаанд. 

Истифодаи тамоку яке аз одатҳои зиёновари паҳнгашта ба ҳисоб рафта, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад.

Заҳри никотин, ки дар таркиби тамоку мавҷуд аст, баъд аз 7 -10  сонияи истеъмол ба мағзи сар таъсир мерасонад, ки дар натиҷа дар  оянда ҳамчун одат ба ин пайдо мегардад.

Дар ҳолати ба хун ворид гаштани никотин, дар организм вобастагӣ пайдо мешавад, зеро миқдори муайяни никотинро талаб мекунад.

Никотин ҳамчун заҳр ба мағзи сар ва ба тамоми системаи асаб таъсири манфӣ расонида, дар натиҷа фишори хун баланд гашта, рагҳои хурди хунгард борик гашта, тез-тез нафас  гирифтан ва миқдори бисёри ҷудошавии секретсияи меъда ба амал меояд.

Дар дуди тамоку ба ғайр аз заҳри никотин дигар намуди заҳрҳо ва кислотаҳои зараровар мавҷуданд. Дуди тамокуро, ки шахси  тамокукаш аз худ берун мекунад дар таркибаш низ ҳамин гуна заҳрҳо ва кислотаҳоро  дорад.

Аз ҳамин хотир дуди тамокуи ба муҳит паҳнгашта ба шахсони гирду атроф, дар ҳуҷра ё дар бино буда  ҳам таъсири манфӣ мерасонад.

Дуди тамоку ба кӯдакон, наврасон ва занҳои ҳомила хатари бештар дорад.

Аз ҳамин нуқтаи назар дар нақлиёт, биноҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаю  бозорҳо истифодаи тамоку низ хатарнок мебошад.

Маводҳои сӯхти тамоку ба организми инсон ворид гашта, миқдори оксигени дар рагҳои хунгард бударо кам мекунад. Чунки дар таркиби дуди тамоку микдори зиёди гази карбон мавҷуд мебошад, ки нисбати гази оксиген тезтар ба эритротсидҳои хун пайваст мегардад ва дар натиҷа микдори  оксигени зарурӣ ба организм таъмин карда намешавад.

Дуди тамоку дар ҳолати дохил гаштан  ба узвҳои нафас, қабати нозуки узвҳои нафаскаширо ноором намуда, ҳар гуна бемориҳоро ба амал оварда сабаби бемориҳои музмин ва саратони узвҳои нафас мегардад.

Дар натиҷаи муҳлатҳои дароз истифода намудани тамоку, сулфаи пай дар пай пайдо гашта ва ҷудошавии балғам ба амал меояд, ки дар натиҷа  сандуқи сина фишурда  гашта, ба фаъолияти дурусти шушҳо монеъ мешавад. Инчунин, бронхаҳои шуш ҳолати эластикии худро паст намуда, дар андак корҳои ҷисмонӣ ва ҳатто дар ҳолатҳои оромӣ низ тез – тез нафасгирӣ ба амал меояд.

Шахсони тамоку истифодабаранда дар онҳо аломатҳои тез пиршавӣ ба амаломада асосан гирифтори бемориҳои дил ва узвҳои хунгард мешаванд.

Зард гаштани пӯсти бадан, сафедии чашм, ожангҳои рӯй ва овози дағал низ ба ингуна шахсон хос мебошад.

Дар натиҷаи мунтазам истифода намудани тамоку, заҳри он ба дил ва узвњои хунгард таъсири манфӣ расонида, сабаби бемориҳои фишорбаландии хун ва  сактаи дил мегардад.

Таҷриба ва тадқиқотҳои илмӣ муайян намудаанд, ки шахсоне, ки дар як  рӯз аз 10 то 19 дона  тамоку мекашанд ба муњлати 5 сол ва шахсоне, ки аз 20 адад тамоку зиёд дар як шабонарӯз истифода мебаранд ба муҳлати 10 сол умри худро кӯтоҳ мекунанд.

Инчунин, дар байни шахсоне, ки тамоку мекашанд, нисбати шахсоне, ки тамоку намекашанд, бемориҳои дил ва системаи дил 12-13 маротиба, захми меъда 10 маротиба ва бемории саратони шуш 15 маротиба зиёд ба қайд гирифта мешавад.

Бояд дар хотир дошт, ки наврасоне, ки аз синни 15 солагӣ ба кашидани тамоку сар кардаанд, нисбати шахсоне, ки баъд аз сини 25-30 солагӣ ба  кашидани тамоку шуғл варзидаанд, ба бемории саратони шуш 5-6 маротиба  зиёд гирифтор мешаванд. Махсусан хатарнок аст, истифодаи тамоку дар синну соли кӯдакӣ ва наврасӣ, дар ҳолате, ки тамоми узвҳои хаётан муҳим дар протсесси афзоиш ва мукаммалгардӣ мебошанд. Азбаски узвҳои гурда вазифаи заҳрҳо ва маводҳои нодаркории организмро берун карданро доранд, онҳо ҳам аз таъсири маводҳои заҳролуди тамоку зиён мебинанд.

Мусаллам аст, ки тамоми амалиётҳои биологӣ дар организм гузаранда бе восита бо миқдори зарурии витаминҳо вобастагӣ дошта бе онҳо  имконнопазир мебошанд. Организми инсон ба миқдори зарурии витаминҳо эҳтиёҷ дорад. Заҳри никотин бошад фаъолона витаминҳои дар организм бударо нобуд мекунад. Як дона тамоку 25 мг витамини С – ро нобуд месозад. Инчунин, дар таркиби тамоку элементҳои ционид мавҷуданд, ки витаминҳо гурӯҳи В – ро бекор мекунанд. Аз ҳамин сабаб микдори витамини В12  дар хуни шахсони тамоку истифодабаранда нисбати шахсоне, ки тамоку истифода намебаранд, 20 маротиба кам мебошанд.

Хатари зиёни тамоку то андозае расидааст, ки аҳли ҷомеаи ҷањониро ба ташвиш овардааст. Бисёри давлатњои тараққикардаи дунё моњияти инро дарҷ намуда, баҳри пешгирии ин даҳшат чораҳо ва тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Аз он ҷумла Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хамовози ҷомеаи ҷаҳон буда, баҳри пешгирӣ аз ин амали номатлуб  чораву тадбирҳоро амалӣ  намуда истодааст.

Зарур аст, ки имрӯз мо аҳли ҷомеа нисбати ин масъалаи мубрами рӯз бе тараф набошем. Чунки саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст.

Худойбердиев Ҳаким,  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳаёти солим”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg