
КӮШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо ҳамроҳии кормандони рӯзномаи Кӯшониён ҷиҳати пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз интиқоли ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси COVID-19, тарғиби тарзи ҳаёти солим корҳои таблиғотӣ- фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти варақаҳои тарғиботӣ ва ниқобҳои тиббӣ дар кӯчаи И.Синои Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ бо усули “хона ба хона” ба роҳ монданд.