
ДАНҒАРА. Мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Мизробова Шаҳло зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” бо занони хонашин дар бораи захираи дусолаи маводи хӯрока, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ, ҳифз намудани худ ва наздикон аз бемории сироятии коронавирус андешаронӣ карда, ба ҳар яки онҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созанда маслиҳатҳо дод.