
ВОСЕЪ. Баъди натиҷагирии даври интихобии мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбии Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Восеъ барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”, ғолибони дастаҳои ғайрикасбии Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Х. Раҷабов ва Тугараки ноҳияи Восеъ бо ҳам омада, ғолибият насиби дастаи Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабов гардид.
Мақсад аз баргузор кардани чунин мусобиқаҳо ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дарёфти чеҳраҳои нави соҳаи футбол, инчунин рушди футбол дар сатҳи маҳал мебошад.