Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус СOVID-19 бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия миёни сокинон бо усули “кӯча ба кӯча” ва “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, оид ба хуруҷи дубораи бемории сироятии коронавирус, риояи гигиенаи шахсӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ суҳбату вохӯрӣ ва тақсими варақаҳои таблиғотӣ-тавсиявӣ баргузор гардид. Дар рафти суҳбат намояндагони ҳизбӣ сокинонро таъкид карданд, ки аз иштирок дар ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд ва ва бе ниқоби муҳофизатӣ дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштугузор накунанд.