БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАДИДАИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪМИНИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ!

Халқи тоҷик дар раванди таърихи ниҳоят тўлонии хеш ба бисёр фоҷиаҳои қисматшикану падидаҳои тақдирсоз рў ба рў гаштааст. Вале дар хама ҳолат тавонистааст, ки  рисолати тамаддунофарии худро нигоҳ дошта, сайқал диҳад.     

АНДЕША. Даҳсолаи охири қарни ХХ барои тоҷикону тоҷикистониён имтиҳони ҷиддие буд, ки  дар он замон мардуми тоҷик рӯзҳои мудҳишеро  аз сар гузарониданд. Он солҳо Ватанро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта буд. Дар майдони пурғавғову ноором нерӯҳои бадхоҳи давлат мехостанд қувваҳои ақлониву зеҳнии миллатро нобуд созанд.

Дар он айём фазои Тоҷикистони беғубор тира гардида, ба ҷои об дар  ҷӯйборҳо  хуноба ҷорӣ шуда, ба ҷои лабханди ширини кўдакон гиряи маъсумона ва ба ҷои суруди аллаи модарон навҳаи  ҷонгудози онҳо ба гўш мерасиду дар дили мардум оташи  яъсу ноумедӣ аз зинда мондан аланга  мезад. Тоҷикистони тозаистиқлол хуми борутдори дар болои оташ гузошташударо мемонд ва буданд онҳое, ки пора гаштанашро интизор буданд. Мамлакат зимоми давлатдориро аз даст дод ва тамоми  сохторхои ҳукумат фалаҷ гардида буд.

Дар чунин шароити мураккабу пурпечутоби сиёсӣ Иҷлосияи 16-уми Шўрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-ум аз 16 ноябри то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхўҷа Урунхўҷаеви шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид.

19 ноябр дар Иҷлосия ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ вакили халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шўрои Олӣ интихоб гардид. Интихобшавии Эмомалӣ Раҳмон ба ин мансаб дар он давраи басо мушкил кори осон набуд, ҳатто бархе аз вакилон ҷавонии ўро дида мегуфтанд, ки ин ҳукумат 7 рўз намепояд. Пас аз суханронии барномавии худ дар назди вакилон афзуд, ки: «Ба истиқрори сулҳи пойдор ва бозгаштани ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам. Ман ба Шумо сулҳ меорам». Бо ин  нутқи пурмуҳтавои худ дар дили ҳар як шунаванда тухми умед кошт ва гўё хуршеди бахт ба сарзамини тоҷикон ва мардуми азияткашидаи он нурпошӣ мекард.

Дар назди роҳбари тозаинтихоби кишвар вазифаҳои ниҳоят мураккабе  меистоданд: баргардонидани гурезаҳо ба Ватан, ба сулҳу ваҳдат даъват кардани мухолифин, аз қашшоқӣ раҳонидани халқи бехонумон, раҳо кардани ҷумҳурӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ, бунёд намудани сохтори давлати сифатан нав ва  ба кор даровардани тамоми сохтор ва соҳаҳои фалаҷгаштаи ҳукумат, ки ин  ҳама дар он давра муаммои сарбастаеро мемонд.

Сарвари хирадманд, некбин ва дурандеш барои рафъи ин мушкилот тамоми қувваю  нерў, донишу хиради азалии худро ба кор бурд. Аз тамоми имконот истифода намуда, қадамҳои нахустинро  дар роҳи бунёди чомеаи ҳуқуқбунёд ва  демократӣ гузошт.

Хушбахтона, бо азму талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ақлу заковати азалии миллати куҳанбунёду таҳҳамулпазири тоҷик Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифта буд дар амал татбиқ гардид ва фаъолияти тамоми шохаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун барқарор карда шуда, роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш гирифта шуд.

Имрўз вазифаи аввалиндараҷаи мо дар он аст, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро аз  дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдатамон, натиҷаҳои раванди сулҳ ва сабақҳои он  пурра воқиф созем, наслеро ба камол расонем, ки аз асли воқеаҳои солҳои  навадуми асри гузашта огоҳ бошанд, сулҳу салоҳ, оромию осудагӣ ва ваҳдатро, ки дорем арҷ гузоранд ва онро азизу муқаддас донанд.

Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg