
АНДЕША. Соли 1991 офтоби соҳибистиқлолӣ ба бахти миллати тоҷик нурпошӣ намуда, ҷомеаи роҳгумзадаро аз зулмат ба сӯйи нури Раҳмонӣ оварда, дар мазрааш тухми вафодориро сабз намуд.
Тоҷикистон ояндааш номаълум боқӣ буд, касе умед надошт, ки ин давлат монанди мурғи самандар аз миёни оташу хокистар эҳё шуда, мавҷудияташро бари дигар собит месозад.
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ ба диёри мо омад,
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад,
Пири Канъон чашми ту равшан,
Юсуфи дилфигори мо омад.
Ба шарофати соҳибистиқлолии миллати тоҷик бо шахсияти сарсупурдаи фарзанди фарзонаю ҷасураш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳайси раиси Шӯрои он замон маҳсуб меёфт, рӯ ба ободкорию созандагӣ овард.
Ҷанги шаҳрвандӣ ба Эмомалӣ Раҳмон чиҳоро ба мерос гузошт?
-аз байн рафтани корхонаҳои саноатӣ ва маишӣ
-талафоти ҷонию молӣ
-хонаҳои сӯхтаю валангоргашта
-ҳазорон ятими бесарпаноҳмонда
-миллионҳо хисороти пулию молӣ
-ҳазорҳо гурезаҳои дур аз Ватан монда
-сохти фалаҷгаштаи конститутсионӣ
-қаҳтию гуруснагӣ ба ҷони одамон
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин сахтию мушкилоти халқашро ба дӯш гирифта, аввалин коре анҷом дод, баргардонидани фирориёни Ватан аз давлати исломии Афғонистон ва вазъияти кунунии кишварро дар ҳолати муътадил нигоҳ доштанро вазифаи аввалини шаҳрдорияш қарор дошт, амалӣ намуд. Мулоқотҳои судманд бо фаъолони ҳаракату ҳизбҳои гуногун ва силоҳдорон, ки ҳукуматро ба ихтиёри худ гирифта буд, доимо анҷом доданд.
Таъсири парчами миллӣ ва ҷомеаро ба зери ин муқаддасот мутаҳид ва кинаю адоватро аз қалбҳои онҳо берун кашид. Ҳадаф давлату миллат аз байн наравад. Тоҷикистон оҳиста-оҳиста мушкилоти хешро дар якҷоягӣ паси сар намуд. Иҷбориён ба дару деворҳои худ баргаштанд, сӯхтаю валангорро дубора таъмир намуданд. Рӯ ба заминҳои бекорхобида оварда, дар якҷоягӣ заҳмат кашида, иқтисодиёти хона ва зану фарзандони хешро ғанӣ гардонданд.
Мактабу масҷидҳои харобгашта боз ба ҳолати аввалааш баргардонда шуд. Толибилмон рӯ ба маърифат оварда аз дами ҷоҳилию бесаводӣ наҷот ёфта, муносибати хешро ба ҳамдигар ҷоннок намуданд.
Сохтори конститутсионӣ бо дастгирии раиси Шӯрои ҳамон давр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Силоҳҳои дар даст доштаи гурӯҳи мухолифин ҷамъоварӣ шуда, оши оштӣ амалӣ шуда, ҳама сари як суфра нишаста, аз шодию нишот ва оромии кишвар шаҳодат медод.
Барқарор намудани пулҳои харобгаштаи ноҳияву водиҳои кишвар ва барқарор намудани хати роҳи оҳан ва бунёди неругоҳҳои азими аср ба монанди Сангтӯда 1 ва Сангтӯда 2, Роғун ва кушодани роҳҳои байни кӯҳӣ ин ҳама дар замони Истиқлолият ба вуқуъ омад.
Ҳол он ки Тоҷикистон дар буҷаи худ маблағи кофӣ надошта, бо кумаку дастгириҳои мардуми кишвар ва давлатҳои ба мо дӯст ин гуна иншоотҳои бузурги аср ба фаъолият шуруъ намуданд.
Дар маркази шаҳри Душанбе қомат афрохтани муҷассамаи асосгузори давлати Сомониён шоҳ Исмоили Сомонӣ ва гиромидошти сардафтари адабиёти классики форс-тоҷик устод Абуабдуллои Рӯдакӣ ин ҳама аз фарҳангдӯстию ба гузаштагон арҷ гузоштани миллати тоҷик марбути Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон аст.
Халқи тоҷик ин заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззамро аз хотираҳо дур насохта, Ҳукумати Тоҷикистон ба ин Пешвои муаззами халқи худ унвони олӣ «Қаҳрамони Тоҷикистон» ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллатро сазовор донистанд.
Барои чунин хизматҳои ҷонфидояш ҳар як модари тоҷик тифли ба дунё овардаашро исми Эмомалӣ ё худ Раҳмонро мегузоштанд, то наслҳои онҳо ҳам ҷасуру сиёсатмадори бузург ба камол расида, номбардори давлату миллати хеш бошанд.
Камина аз ин хизматҳои шоёни Пешвои миллат сахт манша гирифта, дар ҷодаи худ ба таълиму тарбияи насли наврас сидқан амал намуда, корномаиҳои Пешвои миллатро дар замири насли наврас ташвиқ намуда, онҳоро водор месозам, ки сӯи созандагию бунёдкорӣ қадам гузоранд, зеро ки онҳо ҳам дастпарвари замони Истиқлолияти комил мебошанд.
Собиров Д., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён