БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ...

АНДЕША. Халқи тоҷик аз қадимулайём соҳиби илму маърифат буда,   ҳамеша китобдору китобхон будааст.

Чун китобхону маърифатпарвар будааст, аввалин шоирону олимонро маҳз модари тоҷик ба мисли Рӯдакию Ибни Сино, Берунию Саъдӣ ва ҳазорҳо бузургони дигарро ба дунё овардааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро мешиносанд ва эътироф мекунанд. Китоб ин манбаи дониш буда, дӯсти беғараз, устоди беминнат ва дар зиндагӣ роҳнамои шахс мебошад.

Гузаштагони мо то ихтирои китоб илми азбаркардаашонро дар рӯи тахтасангҳо, чӯбу сафол, барги дарахтон ва баъдтар дар пӯсти ҳайвонот китобат карда, барои наслҳои оянда ба мерос мегузоштанд.

Ҳамон тавре одамушшуаро Рӯдакии бузург фармудааст:

             Мардумони бехирад андар ҳар замон,

             Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

             Гирд карданду гиромӣ доштанд,

            То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Аз ин маълум мегардад, ки андӯхтани дониш ва хондани китоб дар ҳама давру замонҳо муҳим буда, аз хондани китоб шахс дорои маърифат, илму адаб ва донишманд мегардад.

Бузурге гуфтааст, "Агар дар зиндагӣ зуд-зуд дучори мушкилӣ гардидед, пас яқин донед, ки китоб кам хондаед".

Мавзуи мутолиаи китоб дар ҷомеаи муосири мо доғи рӯз буда, ҷавонони мо барои хондани китоб қариб, ки вақт ҷудо намекунанд.

Инсон метавонад бо хондани китоб дунёи навро кашф кунад, дуриҳоро аз наздик бубинад. Аз сатрҳои хондааш маълумоти наве бигирад. Ҳамаи мо медонем, ки фарқ байни шахсе, ки ҳамеша аз паи хондани китобу маълумот аст, аз шахсе, китоб намехонад, аз замин то осмон мебошад.

Падаре, ки китоб мехонаду аз хондааш ба фарзандони худ нақл мекунад, шавқи китоб хонданро дар намунаи зинда ба онҳо нишон медиҳад.

Модаре, ки бо фарзандон китоберо мутолиа карда, ҳикояеро ба онҳо хонда нақл мекунад, ҳамавақт аз модаре, ки савод надораду ба фарзандон чизе дода наметавонад, мисли равшании рӯз ва торикии шаб фарқ дорад.

Майнаи инсон чунон офарида шудааст, ки ҳамеша дар ҳоли ҷамъоварии маълумот аст. Вақте мо онро бо маълумоти муфид сер накардем, ӯ худро бо маълумотҳои пучу бемаънӣ пур мекунад.

Бешак онҳое, ки мағзи худро бо ахбори пучу бемаънӣ пур кардаанд, аз забонашон низ ба ҷуз суханҳои бемаънӣ чизи дигаре талаффуз карда намешавад. Аксарият одат кардаанд, ки китоб хонданро хоси шахсони таҳсилкарда, махсусан донишҷӯёну муаллимон меҳисобанд. Вақте шумо донишгоҳ нахондед, касбу кор надоред, гӯё ки хондани китоб бароятон муҳим нест, ҳол он ки шахсоне ҳастанд, ки донишгоҳро хатм накардаанду маълумоте, ки оиди забону адабиёт доранд, месазад ки онҳо номзади илми филология бошанд.

Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаёти башарро хеле осон карданд, аммо аз тарафи дигар мардумро ба танбалии бесобиқа расониданд. Имрӯзҳо тамоми маълумотро аз интернет метавон пайдо кард, аммо фаромӯш насозем, ки ҳар чизе аз роҳи осон ба даст меояд, ба осонӣ аз даст меравад.

Шахсоне, ки маълумотҳои худро аз тариқи интернет ба даст овардаанд, асло баробари шахсоне нестанд, ки маълумоти худро аз тариқи мутолиаву хондани китоб ба даст овардаанд.

Китоб хубтарин ва нодиртарин муъҷизаест, ки Худованд ба инсон ҳадя овардааст.

Беҳуда нест, ки Пешвои миллат гуфтаанд: "Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст".

Ҳамасола Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳояшон сухан ронда таъкид менамоянд, ки ҷавонони имрӯза бояд ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост.

Маҳз, барои бедор кардани завқи китобхонӣ дар замири ҷавонон ва аҳолии мамлакат Пешвои муаззами миллат озмуни ҷумҳуриявӣ бо номи "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" таъсис доданд, ки ҳамасола дар сартосари ҷумҳурӣ баргузор гардида, барои рӯ овардан ба мутолиаи китоб ва саводнок кардани ҷомеа саҳми беҳамто мегузорад.

Пас, китоб сармояи ақлу хирад, сарвати бебаҳо, кони ганҷу маърифат ва маҷмуи ахлоқи накӯст, ки инсонро бо роҳи ростиву хирадмандӣ, мардонагӣ ва матонату бузургӣ роҳнамо месозад.

Зоиров С., муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg