
ДӮСТӢ. Дар асоси таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба захираи дусолаи маҳсулоти кишоварзӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ, аз як қитъа замин гирифтани ду ва зиёда ҳосил, инчунин захира кардани ғалладонагиҳо ва консерваи меваю сабзавотҳо барои ду сол дар ҳар як оила байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Ҳамзамон, бо ҷалби кадбонуҳои бомаҳорат тарзи дурусти омода кардани консервакунониро ба бонувони ҷавон омӯзонида истодаанд.