
А.ҶОМӢ. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо корбарии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонӣ ва тозаву озода нумудани гирду атрофи коргоҳҳо ва маҳаллаҳо доир карда шуданд.
Дар ин рӯз чанде аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар назди биноҳои кории худ машғули кор гаштанд.
Инчунин, аъзои ташкилоти ибтидоии “Ҳизбиён” ва “Фарҳангчиён” низ корҳои ободониро дар доираи ин амалиёт дар назди муассиса ба роҳ мода, корҳои назаррасеро ба анҷом расониданд.