БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҚОБИЛИ ДУШМАНИ МАРЗИИ ХУД ҲАМЕША БА ПО РОСТЕМ !!!

«Мо яроқи ҳастаӣ надорем, яроқи ҳастаии мо Ваҳдати миллии мо мебошад». Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

ВОКУНИШ. Таърих гувоҳ аст, ки аз азал халқи тоҷик дар нигоҳдории марзу буми Ватани худ ҷонбозиҳои беназир намуда, забон, фарҳанг ва ниёгони худро аз аҷнабиёну тахтхоҳон дар амон нигоҳ доштанро рисолати аслии хеш медонистанд.

Сад шукри Худо, ки марди соҳибватанам,

Бо бахти накӯйи хеш соҳибчаманам.

Тарсе ба дилам нест маро, дӯсти азиз,

Аз минбари ин ҷаҳон гӯям суханам.

Шукрона,ки имрӯзҳо Тоҷикистони мо  бисёр ободу зебо ва зиннати ҷаҳон эътироф гардида аст. Як қисмати Тоҷикистон, ки ба давлати Қирғизистон наздикӣ дорад, бисёр баҳсу мунозираҳо байни ду халқият тоҷик-қирғиз эҷод шудааст, ки паёмадҳои манфиро дар масири худ сабт намуда истодааст.

Ин ҳолат  ҳамаи сокинон, алалхусус ҷавонони тамоми гӯшаю канори Тоҷикистонро безобита карда аст.

Ватан мазраи бахту саодати ҳар ватандори тоҷикистониён буд ва мемонад.

Ҳамсоякишвари кирғизҳо  бо амалҳои такрори ,  аз қабили оташзанӣ, озордиҳӣ ва монанди даҳҳо амалҳои номатлуб миллати тоҷикро шикаст дода наметавонад, зеро ки мо дар гузашта Темурмалику Спитамен, Шераку Муқаннаъ барин родмардон доштем, ки бо душманони сахтсартарин дар набардҳо буда, онҳоро шикаст додаанд, мо идомадиҳандагони кори онҳо будем ва то абад хоҳем монд.

Озору азият нисбати шаҳрвандони кӯчаки тоҷик зери фишори қирғизҳо ба вуҷуд омада нобахшиданист.

Халқи заҳматқарину ҷонфидои тоҷик дар зери ғояҳои миллӣ ва андешаҳои созандагӣ қадам мегузорад ва намегузорад, ки ҳар як ҷинси кӯчак (қирғиз) миллати моро озору азият ва шиканҷа диҳад, мо бо сиёсатмадори хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин давлатро сохтем, ободаш кардем ва ҳифзаш мекунем, ин гувоҳ аз доштани ғуруру ҳуввияти миллии мо шаҳодат медиҳад.Миллати сарбаланду ғаюри тоҷик мудом ба ҳимояи Ватани худ омода бошад, зеро ки Ватан боиси хушҳолии оилаи онҳо марбут буда, бахту тахтро соҳиб шудан аз ватандорӣ манша мегирад.

Ҳамватанон  омодаанд,ки ҳар қатраи хуни худро ба Ватан бахшанд, зеро он рамзи ҳуввияти миллӣ доштанро ифода мекунад, аз душман заррае ҳам бошад, намеҳаросанд.

Халқи тоҷик дар гузашта нисбати халқҳои гуногуни олам, мисли мақдуниҳо, муғулҳо барои таллаю тороҷ кардани молу мулки одамон силоҳ нагирифтем, балки марзу буми хешро аз бадхоҳони миллатамон муҳофизат намудаем.

Халқи тоҷик дар масири таърих бофарҳангу тамаддун дар таъсиси давлатдорӣ ҷойгоҳи худро ишғол намуда, салтанати худро ҳазорсолаҳо нигоҳ дошта тавонист.

Мардуме, ки бофарҳанг ба илм, забон, хат ва таърихи тамаддуни худ назар мекунад, ҳеҷ гоҳ барои хароб кардани давлати ҳамсояи худ пофишорӣ намекунад.

Рӯзҳои охир як гӯшаи ватанамонро бархе қирғизҳои худхоҳ мехоҳанд сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагии халқамонро барҳам зананд.

Ҳамаи ин моро ҳушдор месозад, ки нисбати ваҳдати худ сахттар амал намуда, муттаҳидии хешро пароканда насозем, зеро ки баъзе бадхоҳони миллатамон ба пӯсти рӯбоҳ дохил шуда, мехоҳанд бо макру ҳиллаи худ сулҳи моро аз байн баранду боз мардуми тоҷикро ғарибу дар ба дар созад.

Бадхоҳони миллатамон  ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи 24-у дигар ҳаммаслаконашон аз ин таҳаввулотҳои рухдода истифода намудаву пайваста ба дом андозию чоҳканиҳо камар мебанданд, то ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанду давлатро дар зери идораи худ қарор диҳанд.

Пас ҳар нафаси кашидаи хешро барои Ватан сарф намоему барои оромияш пайваста омода бошем, барои ободияш заҳмат кашем, зеро ки дар урфият мегӯянд «Душман пашша бошаду филаш шумор» дар ғафлат мабошед, як ғафлати кӯчак давлати бузургро аз байн мебарад. Мо ҳар зарраи хоки кишварамонро ба душмани худхоҳ таслим намекунем, зеро ки ин аз аҷдодонамон ба мо мерос мондааст.

Боз таъкид менамоем, ки мо тоҷикон як гӯшаи Имон-Ватанамонро ба ҳеҷ кас бароварда намедиҳем, ба вазни ҳар санги Ворух ҳазорҳо ҷонро қурбон мекунему гӯшаи ватанамонро соҳибӣ мекунем.  

Ватан бар ман азизи ҳамчуноне бар танам ҷонам,

Ба ҷузъ нафъи Ватан чизи дигарро ман намедонам.

Ба номат, эй диёри бахт, ин аст аҳду паймонам,

Тамоми ҳастиям пайваста бо ту, эй Ватан-ҷонам.

Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg