БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИРИ ҶОРИИ МАКТАБҲО ДАР ҲАМКОРӢ БО КУМИТАИ ПАДАРУ МОДАРОН

ДӮСТӢ. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия таъмири мактабҳо ва дохили синфхонаҳо бо маром идома дошта, дар ин кор саҳми Кумитаҳои падару модарон, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзоҷу ҷонибдорони ҲХДТ назаррас мебошад.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуммии №2, ки аз ду ошёна ва 25 синфхона иборат мебошад, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи падару модарон ва аъзоҷу ҷонибдорони ҲХДТ, таъмири ҳамаи синфхонаҳо ба анҷом расонида шуда, рангу бор кардани роҳравҳои дохил ва деворҳои беруни муассиса идома дорад.

Барои бо оби нӯшокӣ таъмин кардани хонандагон дар назди бинои мактаб оби зеризаминӣ бароварда шудааст, ки дорои махзани (бочка) ғунҷоишаш 500 литр об ва таҷҳизоти дастшӯӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg