БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН МЕҲВАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Дар марҳилаи кунунии рушди Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ аз масъалаҳои усулии давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро кишвари мо аз имтиҳони ҷиддии таърихӣ гузашт, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуда, ҷомеаи субот меҳварии худро ташкил дод.

Дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ тамоми рамзҳои давлати соҳибихтиёр шакл гирифтанд, ки имрӯз дар самти рушд эҳсоси ватанпарастӣ ва давлат меҳвари шаҳрвандони васеъ истода мешаванд. Истиқлолияти давлатӣ шароити арзандаро барои ташаккул, шинохт, татбиқи манфиатҳои миллии кишвар ба вуҷуд меорад. Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ аз афзалиятҳои доимии давлати миллӣ ба шумор меравад ва барои татбиқ гардидани манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунад. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳо ноил гардид, ки ҳамаи онҳо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонии мардуми кишвар рӯи даст омаданд.

Рушд ва таҳкими дастовардҳои соҳибихтиёрии давлатӣ барои наслҳои минбаъда фазои озод ва шароити мусоидро ба вуҷуд меоварад, ки дар дарозмуддат барои ҳифзу тадбиқи манфиатҳои миллӣ Тоҷикистон мақоми калиди доранд.

Ҳасанова Нигора, узви гурӯҳи таҳлилии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg