БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЗОИ ОРОМИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ

АНДЕША. Тоҷикон миллати тамаддунсоз ва фарҳангӣ буда, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, комёбиҳо ва сулҳу суботи кишвар қавитар гардида истодааст. Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва фазои  орому осуда орзуву мароми  ҳар як давлату миллат мебошад.

Рисолати фарзандони  миллати тоҷик созандагиву бунёдкорӣ, ҳифзи сулҳу Ваҳдат, рушди  пешрафту шукуфоӣ ва таъмини якдилию якпорчагист.

Аз ин рӯ, Истиқлолияти комил, ободию  сулҳу осоиштагиро содиқона ҳифз намуда, ҷиҳати таҳкими арзишҳои миллӣ саъю талош менамоем.

Вале осудагию оромии кишварамонро гурӯҳҳои ҷудогонаи ифротию террористӣ халалдор намуда,  ба ин восита ба ҳадафҳои ғаразноки худ расидан мехоҳанд. Маҳз, дар натиҷаи сиёсати хоинонаи наҳзатиҳои ифротӣ хатари аз байн рафтани ватанамон пеш омада буд ва мардуми кишварамон шаҳди  ҷанги бародаркушро чашидаанд.

Хушбахтона, бо сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт ва қудрати давлатдории миллии мо барқарор гардид.

Инак, соли равон мо 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол менамоем ва Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намудааст.

Муттаасифона, ҳоло ҳам иддае аз ҷиноятпешаҳои террористию ифротӣ, ки дар хориҷ аз кишвар паноҳ доранд, барои ноором кардани вазъи кишварамон иғвоангезиву дурӯғпардозиҳо менамоянд. Мо мардуми сулҳпарвару меҳнатқарини тоҷик ҳеҷ вақт фирефтаи душманону бадхоҳони миллати тоҷик нашуда, ватанамонро дӯст медорем ва намехоҳем, ки воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар такрор ёбанд, зеро Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиштагӣ ба осонӣ ба даст наомадааст.

Имрӯзҳо воқеаҳои хунину даҳшатангези Афғонистон, ки аз ҷониби ҳаракати «Толибон» ба вуқуъ пайвастааст, ҳамагонро ба изтироб овардааст. Ҳар рӯз садҳо нафар занону кӯдакон, сокинони осоишта аз ҷониби террористони «Толибон» ба қатл расонида мешаванд, ҳазорон нафар дар кишвари мо барои ҳифзи ҷони худ гуреза гардида, вориди Тоҷикистон шудаанд.

Ҷангҷӯёни «Толибон» ҳам мисли наҳзатиҳои ифротгаро мехоҳанд, ки ҳокимиятро ба даст оранд, барои ин аз ягон амали зишт сар намекашанд.

Чанде қабл Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз хизматчиёни ҳарбии отрядҳои ҳарбии сарҳадии «Ҳамадонӣ» таъкид намуданд, ки «…волотарин меъёри ватандориву ватандӯстӣ расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он мебошад» .

Вазъи ниҳоят мураккабу ташвишовари Афғонистони ҳамсоя, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз ҳар яки мо нангу номуси ватандорӣ ва зиракии сиёсиро тақозо менамояд ва мо намегузорем, ки гурӯҳҳои террористӣ фазои орому осудаи Ватанамон ва зиндагии осоиштаи моро халалдор созанд.

Шомалангова Миҷгона,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg