БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛА ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ ОЯНДА

ЁВОН. Бо мақсади баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки “Ҳаёти Нав” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор карда шуд.

Дар маҷлиси мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат,  иштирок ва суханронӣ намуд.

Маҷлиси мазкур аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав, Тағоев Шералӣ  кушода шуда,  рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин ва аҳли толор пешниҳод намуд. Сипас, раиси ташкилот дар назди аъзои ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот пешниҳод кард.

Пас аз ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати шаҳраки “Ҳаёти Нав”, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сухан баромада, ҳисоботи раиси ташкилотро қаноатбахш ҳисобида, аз рӯи масъалаи дуюми маҷлис пешниҳод намуд, ки  Тағоев Шералӣ  бори дигар раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати шаҳраки “Ҳаёти Нав” интихоб карда шавад  ва ин пешниҳод аз ҷониби иштирокчиён дастгирӣ ёфта, бори дигар Тағоев Шералӣ  раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати шаҳраки “Ҳаёти Нав”  интихоб карда шуд.

Дар фарҷом Саёҳат Абдуллозода, ҳозиринро ба муносибати чорабиниҳои дарпеш истода, табрик намуда, иброз дошт, ки мо бояд ба хотири сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гул -гул шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорем.

Бо ҳамин ниятҳои нек маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати шаҳраки “Ҳаёти Нав”  ба охир расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg