БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ДАНҒАРА. Бо иштироки  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии ҷангал” маҷлис гузаронида шуд.

Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур оид ба фаъолияти шашмоҳа ва вазифаҳо барои оянда шунида шуда,  аз тарафи аъзои ташкилот Раҳимов Х.  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  “Хоҷагии ҷангал” интихоб гардид.

Сипас, Каримзода Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара вобаста ба пешгирии бемории коронавирус, истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ маслиҳат дод.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg