БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОМИ ҲХДТ: МУВАФФАҚИЯТИ “УРГУТМАҲАЛЛА” ВА “ҶАЪФАР АБДУЛЛОЕВ”

БОХТАР. Дар шаҳри Бохтар мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” бо маром идома дорад. 

Ҳафтаи сипаришуда дастаҳои аз маҳаллаҳои “Ургутмаҳалла” бо “Нурулло Ҳувайдуллоев”, “Ҷамила Мирзоқодирова” бо “Ҷаъфар Абдуллоев” барои баромадан ба марҳилаи навбатӣ байни ҳам бозӣ намуданд.

Нахсут, дар майдончаи варзишии “Ургутмаҳалла” миёни ҳам дастаҳо аз маҳаллаҳои “Ургутмаҳалла” ва “Нурулло Ҳувайдуллоев” вориди рақобат шуданд. Бозингарон аз дастаи “Ургутмаҳалла” ба дарзоваи рақибонашон 3 гол зада, ба дарвозаи худ 2 гол сар доданд.

Бозии дигар миёни дастаҳо аз маҳаллаҳои “Ҷамила Мирзоқодирова” бо “Ҷаъфар Абдуллоев” доир гардид, ки бозии мазкур бар нафъи футболбозони маҳаллаи “Ҷаъфар Абдуллоев” ба охир расид. Футболбозон аз маҳаллаи “Ҷ. Мирзоқодирова” ба ягон голи рақибонашон голи ҷавобӣ зада натавонистанд бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба охир расид. Бо ҳамин дастаҳои маҳаллаҳои “Ургутмаҳалла” ва “Ҷаъфар Абдуллоев” бо шикаст додани рақибони худ ба даври навбатии мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” дар шаҳри Бохтар роҳхат гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg