БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРИ ШАШМОҲА ҚАНОАТБАХШ ДОНИСТА ШУД

БОХТАР. Дирўз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ороиши шаҳр» маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ доир шуд. Дар маҷлиси мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, аъзои ҲХДТ иштирок доштанд.

Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоӣ Миралишоҳи Сайфиддин доир ба фаъолияти 2,5 соли охири ташкилот ҳисобот дод. Иброҳимзода Неъматулло фаъолияти ташкилоти ибтидоиро хуб арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки саҳми аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ дар ободонӣ ва хуррамгардонии шаҳри Бохтар хело калон аст. Дар идома масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидои муҳокима гардида, директори КВФК “Чароғонкунӣ ва ороиш”-и шаҳри  Бохтар Миралишоҳи Сайфиддин раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд. Инчунин дар рафти маҷлис барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲХДТ ва ободониву хуррамгардонии шаҳри Бохтар чанд нафар аз аъзои ҳизб бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ сарфароз гардонида шуданд. Бояд қайд намуд, ки дар асоси Оинномиаи ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ маҷлисиҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳар 2,5 сол гузаронида шуда, дар он масъалаҳои муҳим  муҳокима карда мешаванд. Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар имрўз маҷлсиҳои ҳистоботӣ- интихоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр оғоз гардида, дар назар аст, ки то моҳи август дар тамоми ташкилотҳои ибтидоӣ гузаронида шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg