БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗИИ ФУТБОЛИ ХУРД МИЁНИ ДАСТАҲОИ ДУХТАРОНА

Ҷ.БАЛХӢ. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд, барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” дар саросари ҷумҳурии азизамон миёни дастаҳои ғайрикасбӣ рафта истодааст.

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ ин мусобиқаи варзишӣ муташаккилона идома дошта, бо мақсади вусъат бахшидани бозиҳои варзишӣ миёни ҷавондухтарон бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия дар ноҳия Моҳинави Қурбонмад ин мусобиқа дар байни дастаҳои духтаронаи “Панҷшер”-и Ҷамоати деҳоти Навобод ва “Зебо”-и Ҷамоати деҳоти Узун гузаронида шуд. Дастаи духтаронаи “Панҷшер” дар ин мусобиқа фаъолона иштирок намуда, ҷои аввалро ба даст оварданд.

Дар фарҷом ба хотири иштироки фаъолонаи ҳарду даста бо мақсади ҳавасманд гардонидан ва ҷалби бештари ҷавондухтарон ба бозиҳои варзишӣ, инчунин ташаккули тарзи ҳаёти солим бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg