БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР – ТАНТАНАИ ТОҶИКИЯТ ДАР ҲАВЗАИ ШӮРАВИИ СОБИҚ

АНДЕША. Таърих гувоҳи ҳодисаҳои гуногуни давлату халқиятҳо ва корнамоиҳои шахсиятҳои бузург ҷиҳати ба ҳам овардани миллати худ мебошад.

Дар меҳвари матлабамон яке аз шахсиятҳои барҷаста қарор гирифтааст, ки ӯ тавонист бо сарсупурдагиву ҷонбозиҳои зиёд баҳри халқу давлаташ номашро дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун қаҳрамон сабт гардонад.

Ишораи мо, хонандаи гиромӣ, ин Шириноҳ Шоҳтемур мебошад. Бо ҷонфидоии хеш ва заҳматҳои шабонарӯзӣ ӯ танҳо мехост, ки миллаташ ба фаромӯшӣ наравад ва халқу давлати дар зери азобу шиканҷаҳои душманони аҷнабӣ қарордошта раҳоӣ ёбад.

Шириншоҳ Шоҳтемур ходими намоёни сиёсӣ ва давлатии собиқ Иттиҳоти Шӯуравӣ дар ибтидои асри ХХ ва аз ҷумлаи тоҷиконест, ки номи ӯ ба қомусҳо ва маълумотномаҳои таърихии ҷаҳонӣ дохил шавад. Ӯ солҳои дароз яке аз ҳамраисони Кумитаи Иҷроияи Марказии СССР ва узви Президиуми он буда, корманди сатҳи сартосарии Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Бинобар ин, шахсияти таърихии ӯ аз сатҳи минтақаҳо, ҳатто Осиёи Миёна ба маротиб густариш ёфта, аҳамияти як давлати бузурги Шӯравиро доро буд.

Тавлид ёфтани Шириншоҳ дар шароити вазнини соли 1899 дар оилаи деҳқони камбағали қишлоқи Поршневи Помир ва баъдан дар айёми кӯдакӣ бе саробон монданаш, боис бар он гардид, ки ӯ аз хурдӣ ҳушманду зирак бошад. Яъне Шириншоҳ ҳанӯз аз дувоздаҳсолагӣ ба ҳаёти меҳнатии худ сар мекунад. Ӯ батрак, дар хоҷагӣ сардори дастаи (отряди) сарҳадчиёни Помир деҳқон шуда, кор мекард ва ҳамаи машаққати ҳаёти ятимиро аз сар мегузаронд. Мушкилиҳои ҳаёти даврони бачагӣ таҳсил ва кор дар дастаи сарҳадчиён ба ӯ имконият доданд, ки забони русиро нағз аз худ кунад. Соли 1914 дар вақти иваз шудани дастаи Помир штабс-капитан ӯро ба шаҳри Тошканд бурд. Он вақтҳо Тошканд шаҳри саноаташ хеле тараққӣ кардагӣ буда, маркази генерал – губернатории Туркистон ба ҳисоб мешуд.

Шириншоҳ Шоҳтемур шоҳиди шикасти инқилоби сохти кӯҳна ва бақрарор карда шудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон шуд. Ғалабаи инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр роҳи ҳаёти навро дар пеши назари ин ҷавонписари зирак кушод. Ӯро ба мактаби меҳнатии педагогӣ ва баъдан ба курси педагогӣ фиристодаанд. Аммо тамом кардани таҳсил ба ӯ муяссар нашуд. Воқеаҳое, ки дар мамлакат ва дар Тоҷикистон рӯй доданд, хондани ӯро қатъ намуданд.

Соли 1920 Шоҳтемур дар Тошканд ба номзадӣ ва моҳи августи соли 1921 ба аъзогии ҳизби Коммунистӣ қабул карда шуд. Дар он солҳо аз сабаби беҳосилӣ дар Русияи советӣ қаҳтӣ сар зад. Он вақт 500 нафар донишҷӯёни пролетарии халқӣ, аз ҷумла Шоҳтемур барои ғаллатаёркунӣ ба уезди Хуҷанд фиристода шуданд. Ин кор барои ӯ аввалин супориши ҷиддии ҳизбӣ ба ҳисоб мерафт. Ғаллатаркунӣ дар он лаҳзаҳо хеле кори душвор буд. Дар як қатор ҷойҳои республика, аз ҷумла дар уезди Хуҷанд, тӯдаҳои босмачиён, ки синфҳои истисморгари сарнагуншуда буданд, ҳанӯз ҳаракат мекарданд. Аммо новобаста аз ин мушкилиҳои ҷойдошта, дастаи ғаллатаёркунии Ш. Шоҳтемур муқобилияти душмани синфӣ ва ҳуҷумҳои босмачиёнро зада баргардонда, ғалларо бомуваффақият ба даст дароварда, супориши ҳизбиро бо сарбаландӣ иҷро кард.

Маҳз, кори бовиҷдононаи Шаҳтемурро дар ғаллатайёркунӣ ба назар гирифта, Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ӯро дар ҷумлаи сегонаи (тройкаи) ҳарбии сиёсӣ (Т.М.Дьянков, Ш. Шоҳтемур ва Ҳусейнбоев) ба Помир фиристод. Ӯ дар он ҷо то соли 1923 Раиси Кумитаи инқилобии (ревком) Помири Ғарбӣ буд ва баъди баромада рафтани Дьянков, яъне соли 1922, раиси сегонаи ҳарбӣ – сиёсӣ ҳам шуд.

Баъди таъин гардиданаш ҳамчун раиси сегонаи ҳарбию сиёсӣ доир ба мустаҳкам намудани органҳои шӯравӣ, баланд бардоштани сатҳи роҳбарӣ ба кори ташкилоти комсомолии Помир, гузаронидани ислоҳоти обу замин, ташкил намудани маорифи халқ ва ҳифзи сиҳатии мардум корҳои зиёдеро ба анҷом додааст.

Инчунин, Шириншоҳ Шоҳтемур соли 1925 бо комиссияи ҳукуматии оид ба барҳам задани ҳаракати босмачиён дар вилояти Кӯлоб сардорӣ карда, дар ин бобат маъракаи зарбдор гузаронд. Ӯ митингҳо, маҷлисҳо ва конференсияҳои деҳқонони беҳизбиро гузаронда, сиёсати ҳизб ва Ҳокимияти Советӣ, ҳамзамон зарар ва хатари босмачиёнро ба оммаи халқ фаҳмонда дода, аз байни сокинони маҳаллӣ дастаҳои ихтиёрӣ ташкил кард ва меҳнаткашонро ба муборизаи фаъол ҷалб намуда, шахсан худаш бо онҳо якҷоя дар таъқиб ва торумор кардани босмачиён фаъолона иштирок кард.

24-уми октябри соли 1925 бошад, котиби Бюрои ташкилии тоҷикии КП (б) Ӯзбекистон аз рӯи маърӯзаи Ш. Шоҳтемур дар бораи вазъияти сиёсии вилояти Кӯлоб қарори бисёр муҳим қабул кард, ки ба комилан сарнагум кардани ҳаракати босмачиён дар ин вилоят, бартараф кардани оқибатҳои беҳосилии хоҷагии қишлоқ ва ба ҳаракат овардани ҳаёти иқтисодӣ ёрдами калон расонд.

Ғайр аз ин, Ш. Шоҳтемур дар ташкил кардани якумин газетаи тоҷикӣ дар Туркистон – “Овози халқ”, ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд мебаромад, инчунин дар нашр кардани аввалин китобҳои дарсӣ барои ба забони тоҷикӣ таълим додани бачагони тоҷик дар мактабҳои советӣ хизматҳои хеле бузург намуд.

Илова бар ин, Шоҳтемур барои ташкил кардани республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон заҳматҳои зиёд кардааст.

Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ, ташкилотчию роҳбари боистеъдод, ватандӯсту интернатсионалист, одами оддию хоксор, оқилу боодоб, ғамхору зирак дар қалби ҳар як тоҷик абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи чунин шахсоне ҳаст, ки ҳаёти худро баҳри хизмати инсонҳо ва пешрафти ҷомеаи босаодат сарф намудааст. Шоҳтемур ҳамагӣ 38 сол умр дид. Аз ин 17- сол қариб нисфи ин умри кӯтоҳашро сарфи миллати худ кард. Аммо ин 17 сол самараҳое овард, ки ба ҳазорсолаҳо баробар аст.

Дар хотима гуфтаниам, ҷазоҳое ки Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар ҳамсафонаш дар он давра гирифтор шуданд, беасос, нодуруст ва буҳтон буданд. Гарчанде ӯро бо туҳмат ба қатл расониданд, аммо номи бузургаш ҳамчун рамзи далерӣ, номусу шуҷоат, қаҳрамонӣ ва покӣ дар таърих боқӣ монд. Ва зиндагии кӯтоҳу пур аз қаҳрамононаи фарзанди баномуси тоҷик – Шириншоҳ Шоҳтемур ҷовидона барои ҳар фарди миллат намуна мемонад.

Саймуминзода Фирӯз Саймумин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg