ПАНҶ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Кӯҳсор» ва «Ϝайрат» маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии мазкур баргузор гардид.
Дар рафти маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Тоиров М ва Давлатова О аз натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар шаш моҳи соли 2021 ҳисобот доданд.
Дар ҷамбасти маҷлис бо пешниҳод ва тарафдории аксарияти иштирокдорон Тоиров М ва Давлатова О раиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии номбурда бори дигар аз нав интихоб карда шуданд.