ВОСЕЪ. Бо мақсади боз ҳам дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Фидоиёни Ватан” вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Фидоиёни Ватан” баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ иброз намуд, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб бо масъулияти баланд дар миёни ҷомеа намуна бошад. Дар ҳама чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, номбардори ин миллату ин давлат бошад. Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии “Фидоиёни Ватан” Асроров Маҳмадулло баромад намуда, барои пайваста ҳамкорӣ намудан изҳори сипос намуд.