БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО САДОҚАТ ВА МАСУЪЛИЯТ ТАЛОШ ВАРЗЕМ

БОХТАР. Дирӯз гурӯҳи тарғиботии ҳизбӣ бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Насриддин бо сокинон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “маҳаллаи Истиқлол” вохӯрӣ доир намуданд. Дар вохӯрии мазкур ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Бақоев С, ва узви гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби зиёиён Мусоев М. иштирок доштанд.

Нахсут, Наҷидуллозода Насриддин суханронӣ намуда, доир ба мақсаду мароми вохӯрӣ ибрози назар кард. Аз ҷумла, ӯ иброз дошт, бо дарки ҳисси масъулият сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои бартараф кардани падидаҳои номатлуб  равона созад, то ба истифода аз захираҳои бузурги маънавӣ ва фишангҳои муассири идеологии ҳизбӣ дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.

Бояд қайд намоем, ки дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ на бояд ба умеди касеву чизе шавем, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо- Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ – Истиқлоли давлатиамонро ҳифз намояд. Мо низ дар навбати худ ҳамчун соҳибватани асил ва содиқ ба Пешвои миллат талош бояд намоем, то он ҳама масъулияте, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба мо бовар кардаанд, сарбаландона иҷро намоем,- гуфт вакили Маҷлиси акилони халқи шаҳри Бохтар Бақоев Сулаймон.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg