БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ПАШША ФИЛ НАСОЗЕД!!!

ВОКУНИШ. Чи тавре маълум аст, асри  XXI – ро асри техналогия меноманд  ва ин бесабаб нест. Ҳар сония технологияҳои нав, барномаҳо, саҳифаҳои нав рӯи  кор оварда мешаванд, ки  ин агар аз як тарафе мушкилоти инсонро осон намояд, албатта аз тарафи дигар  инсонҳоро бе хуш  ва  ё танбал  менамояд.Масалаи дигаре, ки имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, ин истифодаи ғайримақсадноки телефони мобилӣ аз тарафи ҷавонон мебошад.Агар шабакаҳои иҷтимоӣ аз як тараф манбаи итиоолтрасонӣ ва донишомузӣ бошад, аз тарафи дигар манбаи даромади чандин нафарон гардидааст.Пас интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозореро мемонад, ки харидори мулоҳизакор, нуқтасанҷ метавонад, маҳсулоти бе нуқсро дастрас намояд.

         Бинобар ин пеш аз оне , ки мо аз интернет истифода менамоем, бояд хуб дарк намоем, ки на ҳама маълумотҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойдода, дурустанд.Онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот, хабар, навор ва ҳар маводе ҷой медиҳанд, пеш аз ҳама манфиати шахсӣ, ё гуруҳиро  меандешанд.Илова бар ин имруз интернет минбари рушане барои бархе аз афроди бадхоҳ гардида истодааст, ки мехоҳанд тавассути ин минбари беминнат ҳафаҳои шуми худро амали намоянд.

         Яке аз чунин бадхоҳ, нокас, харидашуда, хиёнатпеша, аъзои ташкилоти террористӣ экстремистӣ “Гуруҳи-24”, ровии барномаи “Садои Мардум” – ӣ ин гуруҳи зархаридон Салмон Холиқов бо тахаллуси Беҳруз мебошад, ки ҳамеша бо як ранг баҳри ҷустани дуруғу буҳтон, барҳамзадани сулҳу суботи сартосарии мардуми Тоҷикистон амал менамояд.Ин саги дари мардум пешрафту  тараққиётӣ Тоҷикистонро  нодида гирифта мехоҳад, аз ҳар як мушкилоти болои мардум омада, “фил” созад.Ҳар бинандаи заки ва хештаншинос бо тамошои  барномаҳои ин “донишманд” – е , ки мехоҳад орзуву хаёлоти худро тавасути барномаҳо ба бинанда маҷбуран бор намояд.Зеро ин  хиёнатпешаи ватанфурӯш чунин меандешад, ки соҳибгардидани обурӯ ва боварии халқ танҳо дар нишон додани камбуди ва мушкилоти онҳост.Дуруғу буҳтонҳое, ки имрӯз нисбати роҳбарияти давлат ва дигар аъзоёни ҳукумати мамлакат гуфта мешавад, танҳо аз як банди нақшаи хоҷагони хоҷагиашон аст.Ҳарзагуй Салмон Холиқов гӯши ҳақ шунав надорад, зеро дар ҳар барномае, ки аз тинҷию амонӣ сулҳу субот, бастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳолати имрузаи Тоҷикистон гуфта  мешавад, онро наметавонад шунавад.Аз ҳар як воқеа, руйдод, ҳаводис ва ҷашнҳои миллӣ – давлатӣ ва ҳатто динӣ низ барномае сохта, мехоҳад диққати корбарони шабакаҳои иҷтимоиро зиёдтар ҷалб намояд ва бар ин васила худро “қаҳрамони роҳи наҷот, мушкилкушои мардум ё ғамхори миллат” нишон диҳад.Ва ҳар боре аз тарафи бинандаи ҳақбин ба ӯ чунин савол дода мешавад . ки то ба имруз чи хизмате ба мардум кардед?  ӯ посухи аблаҳонае медиҳад, ки агар ман соҳибмансаб гардам пасон ба миллату давлатам хизмат мекунам.Ҳол он, ки барои хизмат кардан ба Халқу – Ватан мансаб, нақши муҳим намебозад, зеро некбин, некхоҳ будан  ин худ хидмат аст, ки Салмон Холиқов ба ин сазовор гашта наметавонад.Бинобар ин бо таъкид бар ин зархариди хари хоҷа мегуям, ки аз ҳеҷ як масъалае “фил” насозад, зеро имрзу сокинони осоиштаи Тоҷикистон-и азиз тинҷию амонӣ, сулҳу суботи сартосариро беҳтарин ва ноёбтарин бойгари дониста, баҳри ҳифзи ин ганҷи ноёб пиру ҷавон таёранд аз тамоми имконият  истифода намоянд.Беҳтар аст, ки ба гиребони худ назар афканаду аз фардои худ биандешад, зеро гадои дар ватан буда, аз шоҳи беватан авлотар аст.

Худойдод Ёров, сармутахасиси шуъбаи таблиғот ва иттиллоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg