БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ АСОСИИ ҲХДТ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲО ВА МУСОИДАТ ДАР ТАЪМИНИ ЗАХИРАИ ОЗУҚАВОРИИ АҲОЛИСТ

А.ҶОМӢ. Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар асоси ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҲХДТ ҳамарӯза ба сокинони ноҳия бо усули “хона ба хона” ва суҳбатҳои сарироҳӣ, бо заминистифодабарандагон суҳбатҳо доир намуда, онҳоро барои истифодаи самараноки замин, аз он рӯёнидани ду ва зиёда ҳосили дилхоҳ  ҳидояту рӯҳбаланд месозанд.

Бояд қайд кард, ки зимни вохӯриву мулоқотҳо маълум карда шуд, ки бештари сокинон низ моҳияти ин масъаларо пурра дарк карда,   аз маҳсулотҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва меваҳои тару тоза консерва ва ҳаргуна дигар хӯришҳои гуногун барои таъмини маводи хӯрока барои ду соли оянда, асосан тирамоҳу зимистони дарпешистода омода намуда истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg