
А.ҶОМӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, қариб дар ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишине,ки оромгоҳо доранд, бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.
Дар чорабинии мазкури ҳизбӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Муминзода Мастура Табарӣ роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ-муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок дошта, қабл аз оғози Аксияи мазкур бо сокинони ҷамъомада атрофи масъалаҳои мубрами рӯз ва мақсади баргузории чорабинии ҳизбӣ суҳбат анҷом доданд.
Сипас, иштирокдорон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми Ватан ва обу ҳавои мусоид ба тоза кардани дохил ва атрофи қабристон аз алаф ва растаниҳои худрӯй машғул шуда, дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоштанд.