БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МТБО”

ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Каримов Лоиқҷон дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ” вохӯрӣ баргузор намуданд.

 Ҳамзамон, намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ва аз як замин се ё чор ҳосил гирифтан, эмин нигоҳ доштани худ ва дигарон аз сироятёбии бемории COVID – 19  ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлолияти энергетикӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар ва тамоми ташкилоту муассисаҳо мебошад. Аз ин хотир мо бояд сарфакориро аз оилаи худ оғоз карда, дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ саҳм гузорем. Инчунин, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳисоботи шашмоҳаи худро ба таври муфассал баррасӣ намуда, вобаста ба интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳама аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Ҳукматуллозода Исматуллоро  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва Шарипов Ҳамзаалиро котиби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg