
ПАНҶ. Мусобиқаи футболи хурд баҳри дарёфти Ҷоми ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ байни деҳаву маҳаллаҳо дар ҳамкорӣ бо Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия идома дорад.
Дар доираи ин чорабинии мазкур дирӯз бозии байни дастаҳои “Наврӯз” ва “Сулҳ” баргузор гардид, ки футболбозони дастаи “Сулҳ” бартарии зиёд нишон дода, дастаи ҳарифро бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст доданд.