БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НИШОНА АЗ ТАЪРИХИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТАНД

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ваҳдат» намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Зимни боздид аз маҳсули меҳнати дастии ҳунармандон масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо ҳунармандон сухбат намуда, қайд карданд, ки ҳунарҳои мардумӣ чун неъмати бебаҳост, ки тӯли қарнҳо бо талошу заҳмат ва муҳаббати самимӣ ниёгони мо онро зинда нигоҳ дошта, имрӯз ба мо расидаанд. Пас вазифаи яко яки мо шаҳрвандон аз он иборат аст, то ин ҳама мероси фарҳангиро хуб нигоҳ дорему бо таҳкиму рушд бахшидан, онро ба наслҳои минбаъда мерос гузорем. Инчунин, дар охири чорабинӣ ба кӯдакон ва ниёзмандон кумак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg