ПАНҶ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ, бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии "Шоҳмот-2" ва «Наврӯз" маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоии мазкур баргузор гардид.
Дар рафти маҷлис раиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Ҳайдаров Х. ва Камолов С. аз натиҷаи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар шаш моҳи соли 2021 ҳисобот доданд.
Дар ҷамъбасти маҷлис бо пешниҳод ва тарафдории аксарияти иштирокдорон Ҳайдаров Х. ва Камолов С. раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии номбурда бори дигар аз нав интихоб карда шуданд.