БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛМОН ХОЛИҚОВ МУСАЛМОН Ё ФИТНАҶӮ?

ВОКУНИШ. Дар шабакаи Ютуб нафаре бо номи Салмон Холиқов баромад карда, худро ҳомии мардуми Тоҷикистон мегираду аз гуфтораш маълум аст, ки ӯ фитнаҷӯ ва зархариди каси дигаре ҳаст. Даъво дорад, ки барои ҷашни Истиқлолият дар чорабинӣ донишҷӯёну хонандагон ба саҳначаҳои ҷашнӣ ҷалб нагарданд. Ӯ худро мусалмони ҳақиқӣ мегираду аз гуфтору рафтораш нисбати Ватан ва зодгоҳи худ буҳтону туҳмат мезанад. Ӯ куҷоро танқид мекунад ҷомеаи солимеро, ки дар онҷо на ҷанг асту на фиребгарӣ. Мардум дар осмони софи беғубори истиқлолият дар зери амну субот зисту зиндагонӣ мекунанд. Барои ӯ як масъалаи кӯчак, яъне ҷашн гирифтани санаи таърихӣ бисёр муҳим асту ёвагӯи мекунад. Маълум мешавад, ки ин нафар Салмон Холиқов хоин ва фитнаҷӯ аст. Аз суханони ӯ бӯи ғализ меояд. Худаш дар хориҷ нишаставу аз хоҷагонаш маблағ гирифтаву мардуми осоиштаро таблиғ мекунад. Мардуми Тоҷикистон на ҷанг, на издиҳом ва на гуфтори зархаридони хориҷиро гӯш мекунад. Ҳама дар ин Ватан саргарми кору пайкори хешанд, ҷашни Истиқлолиятро интизоранд, зеро ин санаи таърихӣ ба мо мустақилият дод. Мо мардуми Тоҷикистон танҳо дар Ватани худ ва барои худ кору фаъолият менамоем барои мо маслиҳати каси бегона лозим нест. Мо медонем, ки дар вақти душворӣ кӣ дар бари мост ва ба мо кумак мекунад.

С. Мирзоев, сокини ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg