
ВОСЕЪ. Бо мақсади коҳиш додани бемории сироятии коронавирус, назорати фарзандон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо фаъолони деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза баромад намуда, қайд кард, ки занон дар хона бештар гигиенаи оиларо таъмин менамоянд ва онҳо уҳдадоранд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ созанд.
Инчунин, дар масъалаҳои риояи талаботи қонунҳои амалкунанда ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ба ҳозирин таъкид карда шуд.