
Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва омодагӣ ба фасли зимистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Ҳақиқати Ҷамоати деҳоти Маданият дар ноҳия бо усули “хона ба хона” суҳбат гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва омодагӣ ба фасли зимистон, консервакунонии меваҳо ва сабзавот суҳбат намуданд. Бо мақсади таъмини дастархонҳо бо хӯришҳои гуногун дар фасли сармо занҳои маҳаллӣ чораҳои заруриро андешида истодаанд ва аз маҳсулотҳои замини наздиҳавлигии худ, захираи хӯришҳои гуногун барои фасли зимистон омода намуда истодаанд.