
Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, дар деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Навоии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои ободонӣ ва созандагӣ роҳандозӣ гардид.
Аксияи мазкур бо ташаббуси Кумитаи иҷроия дар ноҳия дар якҷоягӣ бо фаъолону ҷонибдорони ҳизб баргузор гардида, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 67 дастаҷамъона таъмир ва азнавсозӣ карда шуд.