БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ШАШМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2021

ҶАЙҲУН.  Маҷлиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун оид ба  натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2021 ва натиҷаҳо барои давраҳои оянда» бо аъзои  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия, муовини аввали раиси ноҳияи Ҷайҳун Собирзода Диловаршо ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва як қатор роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон, намояндагони васоити омма, меҳмонон аз сохторҳои давлатӣ ва дигар шахсиятҳои расмӣ даъват шуда, дар сатҳи баланд баргузор гашт.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Ҷайҳунро раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Тағоймурод кушода, оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2021 ва натиҷаҳо барои давраҳои оянда,

амалисозии нақша-чорабиниҳо ва ташаббусҳои ҳизбӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии нишондиҳандаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳия аз натиҷаи Рейтинги ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ андешаронӣ намуд.

Сипас, оид ба  ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис  қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg